ВКД маълумоти фурӯши гӯшти харро дар Душанбе рад кард

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ маълумоти дар шабакаҳои интернетӣ дарҷ шударо таҳти сарлавҳаи «Ошкор шудани 3 тонна гӯшти хар дар роҳ ба Душанбе, ё гӯшти хар тиҷорати кист?» мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ахбороти мазкур асоси воқеӣ надорад.

Дар раддияи дар ин робита интишоршудаи ВКД Тоҷикистон қайд мешавад, ки барои дастгир ва муайян намудани ашхосе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат ворид менамоянд ва ё маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, аз ҷониби кормандони милитсия мунтазам чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.

Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷӯраев Олим Шарифбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як қисми ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Маҳмуд Абдумуминович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ба иҷора гирифта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ гӯшти қиммакардашуда ворид намуда, баъдан онро ба шаҳри Душанбе ба корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб фиристодааст. Маҳсулоти воридкардаи ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатариро надорад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии манзили истиқоматии Қодиров М.А. 50 қуттӣ ба вазни умумии 500 кг гӯшти қиммаи мурғ истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон пайдо карда гирифта шуд, ки дар ҳолати антисанитарӣ нигоҳ дошта мешуд ва ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифатро доро набуд.

Ҳамчунин дар дидбонгоҳи БДА ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н.Айнӣ худи шаҳрванд Қодиров М.А. дастгир карда шуд, ки номбурда 1500 кг гӯшти қиммаи мурғро бо супориши Ҷӯраев О.Ш. бо автомашинааш тамғаи «Мерседес-Спринтер» ба шаҳри Душанбе интиқол доданӣ буд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ш.Хуҷанд, №45 аз 22-феврали соли 2018 маҳсулоти гирифташуда, яъне 2000 кг гӯшти қиммаи мурғ ба маблағи 26000 сомонӣ ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон ҷавобгӯй намебошад.

Дар асоси маводҳои таҳиякардашуда нисбати Ҷӯраев О.Ш. аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров бо моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки як мошин гӯшти рӯзи 22 феврал мусодирашуда дар ноҳияи Айнӣ гӯшти қимаи мурғи муҳлати истеъмолаш гузашта буд. Як манбаи "Ахбор” аз шуъбаи милисаи Айнӣ хабар додааст, ки моҳи гузашта дар инҷо се тонна гӯшти қимаи харро дар роҳ ба Душанбе дастгир кардаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...