Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафт

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои оид ба корҳои дин ва рушди сайёҳӣ, директорони Агентиҳои хизмати давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон айни замон аз 75 санад иборат аст.

Ба гуфтаи сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, дар ҷараёни сафар масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба ва вазъ дар минтақаву арсаи байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Муомилоти мол байни кишварҳо маъмулан аз ҷониби Қазоқистон орд ва гандум буда, замона навгониҳо дар ин соҳа, додугирифти локомотиву автомобилҳоро тақозо мекунад ва табиист, ки роҳу воситаҳои содироти минбаъдаи молу маҳсулоти мо ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд», – иброз доштааст дипломати қазоқ.

Ӯ илова намудааст, ки зимни сафар изҳороти муштараки сарони кишварҳо қабул шуда, се созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо мерасад. Ҳамчунин байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Қазоқистону Тоҷикистон имзои барномаи ҳамкорӣ дар назар аст.

Баъди анҷоми сафари расмӣ рӯзи 15 март президенти Тоҷикистон дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.