Эътирози кӯчарӯбон дар Маскав. Аз меҳнати тоқатфарсо шикоят доранд

Муҳоҷироне, ки дар Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Маскав «Жилищник» кор мекунанд, аз меҳнати тоқатфарсо шикоят намуда, изҳор мекунанд, ки онҳоро ба кори аз меъёр зиёд маҷбур карда, пули иловагии онро пардохт намекунанд. Навори видео, ки дар он муҳоҷирони зодаи Осиёи Марказӣ мегӯянд, рӯзонаву шабона ба кор мебароянд, дар Youtube  ҳанӯз 8 феврал нашр шуда, ҳарчнад […]

Muhojir.news.tj.

Муҳоҷироне, ки дар Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Маскав «Жилищник» кор мекунанд, аз меҳнати тоқатфарсо шикоят намуда, изҳор мекунанд, ки онҳоро ба кори аз меъёр зиёд маҷбур карда, пули иловагии онро пардохт намекунанд. Навори видео, ки дар он муҳоҷирони зодаи Осиёи Марказӣ мегӯянд, рӯзонаву шабона ба кор мебароянд, дар Youtube  ҳанӯз 8 феврал нашр шуда, ҳарчнад нисбати кормандони «Жилищник» парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда бошад ҳам, аммо вазъ то ҳол тағйир наёфтааст, менависад Muhojir.news.tj

Дар шарҳи навори видео қайд мешавад, ки «Гурӯхи зиёди кормандони муассисаи «Жилищник» ба назди роҳбари маъмурияти ҳавзаи Красноселский Иля Яшин омадаанд. Одамон аз шароити бади кор шикоят дошта, кумак мехоҳанд».

Дар навори видео ҷамъшавии муҳоҷирони кӯчарӯб назди бинои ҳавзаи Красноселский ва назди онҳо баромадани раиси Шӯрои вакилони ноҳияи Крсанеоселскийи Маскав Иля Яшин намоиш дода шуда, онҳо дар бораи сарбории корашон ва зиёд нашудани маошашон ҳикоят мекунанд.

«Шабона ба кор кардан маҷбур мекунанд, рӯзона ҳам кор мекунем. Чаро кам пул мегирем? Ин ҷо мисли ғуломӣ аст», – гуфтааст яке аз кӯчарӯбон Тенштебек Субаналиев.

Ба гуфтаи ӯ, коргарон тамоми шаб кор кард, раҳбарият онҳоро боз ба кор баъди хӯроки нисфирӯзӣ низ маҷбур мекунад ва агар дар вақти аз меъёр зиёд ба кор набароӣ, бо хоҳиши худ аз кор озод мекунанд.

Дар вохӯрӣ бо кӯчарӯбон роҳбари маъмурияти Красноселский Сергей Носков изҳор доштааст, ки ба мисли кӯчарӯбон ӯ низ шабу рӯз кор мекунад ва ҳамчунин ваъда додааст, ки ба коргарон барои кори аз меъёр зиёд маоши иловагӣ дода мешавад. Дар вохӯрӣ директори муассисаи «Жилищник» Галина Бобкова низ ҳузур доштааст.

Яшин ба муҳоҷирон пешниҳод кардааст, ки шикояташонро хаттӣ навишта, дар он тибқи бандҳо эътирозашонроо зикр ва баррасӣ кунанд, то ки кор ба эътирозҳо нарасад.

«Ҳар кадоме аз ин шикоятҳоро мо бо намояндагони ҳокимияти иҷроия ва роҳбарони муассисаи давлатии буҷетӣ мушаххас баррасӣ мекунем. Ман фикр мекунам, ки бо намояндагони шумо, маъмурият ва раҳбарияти «Жилищник» алоҳида машварат мекунем. Ман хоҳони онам, ки шароити кори шумо ба кодекси меҳнат ва шартномаҳои меҳнатӣ мувофиқат намояд. То ки шуморо аз кор наронанду аз меъёр зиёд кор накунед ва кори иловагиатон пардохт шавад. Ин ҷо набояд меҳнати ғуломона бошад. Шумо ҳам мисли дигар коргарон ва шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доред, ки дар қонунгузории Русия зикр шудааст ва қонунгузорӣ бояд риоя шавад. Манфиат ва ҳадафи умумии мо дар ҳамин ифода меёбад», – гуфтааст Яшин.

Қобили зикр аст, ки баъди дар мусоҳиба ба «Российская газета» аз ҷониби муовини раиси Маскав Петр Бирюков изҳор шудани он, ки маоши кӯчарӯб дар Маскав 45 ҳазор рублро ташкил медиҳад, санҷишҳо оғоз гардиданд.

Баъд маълум шуд, ки дар Маскав фаъолона тарзи қабули муҳоҷирони вуҷуднадошта ва пардохти маош ба онҳо истифода мешудааст. Дар натиҷаи ин санҷишҳо, тибқи маълумоти ВАО-и Русия, Кумитаи тафтишоти Маскав аз рӯи далели қаллобӣ 20 парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Маълум шуд, ки кӯчарӯбон дар Маскав на бештар аз 30 ҳазор рубл маош мегирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.