Азим Иброҳим: касби муаллимӣ бояд пурифтихор бошад

Дар ҳузури муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, ҷаласаи навбатии Шӯурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкардагони равияҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазъи низоми кредитии таҳсилот дар муассисахои  тахсилоти миёнаи касбӣ ва омода намудани касбҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди баррасӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Дар ҳузури муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, ҷаласаи навбатии Шӯурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкардагони равияҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазъи низоми кредитии таҳсилот дар муассисахои  тахсилоти миёнаи касбӣ ва омода намудани касбҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини сарвазир қайд намуд, ки ҷараёни ба ҷои кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон – хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз вазифаҳои асосии давлат ба шумор меравад. Вобаста ба ин Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  талабот ба муаллимонро вобаста аз фанҳои омӯзишӣ дар бозори меҳнати шаҳру ноҳияҳо муайян намуда, хулосаҳои асоснокро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм ҷараёни ба ҷойи кор фиристодани хатмкунандагони мактабҳои олӣ тамоюли устувори рӯ ба афзоишро нигоҳ медорад ва ин нишондиҳандаҳо дар соли 2013, 85,1% дар соли 2014, 91,5% , дар соли 2015, 95,3% ва дар соли 2016-ум  95,6%-ро ташкил медиҳанд.

Новобаста аз ин ба санаи 1 январ дар маҷмуъ 3842 ҷойҳои холии корӣ дар соҳаи маорифи кишвар боқӣ мемонад. Махсус бояд қайд намуд, ки бо назардошти хусусияти калидӣ ва тақдирсоз доштани омодасозии муаллимон, таълими равияҳои омӯзгорӣ асосан аз ҳисоби давлат ройгон таъмин мегарданд. Вобаста ба ин ҷавонон вазифадор ва ҳавасманд бошанд, ки ба ҷойҳои фиристодашаванда сари вақт ҳозир шаванд. 

Омили бештар аз ин, сифати тахассуснокии омузгорони ҷавон  мебошад ва маҳз ҳамин нишондиҳанда муайянкунандаи асосӣ, барои ба таълими сифатнок фаро гирифтани ҷавонон ва тарбияи насли наврас – ояндасози миллату давлат баҳогузорӣ мегардад.

Муовини сарвазир Азим Иброҳим махсус таъкид намуд, ки : “То замоне касби муаллимӣ мавқеи пурифтихортаринро дар ҷомеа касб накунад ба хатмкунандагони бофарҳанг, болаёқат ва донишманд, ки аксариятро ташкил кунанд, умед бастан мушкил аст”.

Зикр шуд, ки бешак калиди ҳамаи музаффариятҳо ба сифати таълими хонандагон, донишҷуён ва омӯзгорон робитаи мустақим дорад ва замоне фаро расидааст, ки мо бояд вобаста ба талаботи имрӯзаи ҷомеаамон мутахассисони касбиро дар бозори дохилии кишварамон омода созем.

«Илм бояд бо истеҳсолот робитаи қавӣ дошта бошад дар ин радиф мо масъулем, ки мутахассисҳоро вобаста ба талаботи замони муосир тайёр кунем, на ин ки шахсони дипломдори бесамарро. Ин нуқта ба ҳамаи соҳаҳои илму маърифат тааллуқ дошта мутаалиқ танҳо барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ нест.», – гуфт ӯ.

Қайд гардид, ки омӯзишу ба роҳ мондани касбу ҳунарҳои мардумӣ, дар соли эълон шудани рушди сайёҳӣ, на танҳо ба машғул шудани аҳолӣ дар минтақаҳо, инчунин дар муаррификунии ҳунарҳои волои миллати тоҷик дар хориҷи кишвар низ мусоидат менамояд.

Дар интиҳои ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.