Офатҳои табиӣ бар асари боришоти шадиди рӯзҳои охир

Бар асари бориши боронҳои шиддатноки рӯзҳои охир дар як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ,  дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ярч ба амал омада, роҳи мошингарди маҳаллиро, ки аз байни деҳа мегузарад, обу […]

АМИТ «Ховар»

Бар асари бориши боронҳои шиддатноки рӯзҳои охир дар як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ,  дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ярч ба амал омада, роҳи мошингарди маҳаллиро, ки аз байни деҳа мегузарад, обу лойқа пур кард. Инчунин деворҳои атрофи замини наздиҳавлигии 2 хонаи истиқоматии шаҳрвандон зарар диданд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, дар деҳаи Ваҳдат ва Файзбахши Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав бар асари бориши борони шиддатнок сатҳи оби канали «Мулло Шодӣ» баланд гардида, аз соҳилҳо ҷорӣ шуд ва ба 10 қитъаи замини назидиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромад. Ҳамчунин оби селпартоҳо зиёд ҷорӣ шуда, роҳҳои мошингарди байни деҳаҳоро дар ҳудуди деҳаи Файзбахш ба масофаи 1000-1200 метр пур аз обу лойқа намуд. Ҳамзамон дар хоҷагии И.Меликмуродов 20 га заминҳои кишти зироати полезӣ зарар диданд.

Дар ҷои ҳодиса 2 адад техника  сафарбар карда шуда, ҳолати рухдода дар давоми 4 соат аз ҷониби қувва ва воситаҳои Комиссия оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои табиии ноҳияи Шаҳринав бартараф карда шуд. Дар километри 562-юми деҳаи Пасхуфи Ҷамоати деҳоти Пасхуфи ноҳияи Рӯшон  бар асари бориши борон тарма фаромада, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ маҳкам гардид ва нимаи дуюми рӯз роҳ пурра кушода шуд.

Дар мавзеи Шитамии Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон  бар асари бориши борон дар километри 676-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб тарма  фаромада, дар натиҷа роҳ маҳкам гардид. Барои бартарафсозии ин ҳодиса техникаи махсус ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида,  шоми ҳамон рӯз роҳ пурра тоза карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.