Нигаронии Русия аз вазъи парвозҳои «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Русия дар робита ба аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод нашудани иҷозатнома барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон ба ширкати «Уралские авиалинии» нигаронӣ изҳор мекунад. «Бидуни риояи қарордодҳои байнулмилалӣ ва огоҳии пешакӣ, Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳо ба ин ширкат бо хатсайри Перм – Душанбе иҷоазатнома надод, ки аз 12 март ба бозистии парвозҳои ширкат боис гардида, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Русия дар робита ба аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод нашудани иҷозатнома барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон ба ширкати «Уралские авиалинии» нигаронӣ изҳор мекунад.

«Бидуни риояи қарордодҳои байнулмилалӣ ва огоҳии пешакӣ, Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳо ба ин ширкат бо хатсайри Перм – Душанбе иҷоазатнома надод, ки аз 12 март ба бозистии парвозҳои ширкат боис гардида, ҳуқуқҳои мусофирон поймол шуд», – қайд мешавад дар изҳороти сомонаи Вазорати нақлиёти Русия.

Гуфта мешавад, дархостҳо ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои Краснодар – Хуҷанд, Челябинск – Душанбе ва Жуковский – Кӯлоб, ки тибқи назардошти қарордодҳои дуҷониба ва бо риояи муқаррароти қоидаҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон пешниҳод шуданд, айни замон ҳамчунин бо сабабҳои номаълум тасдиқношуда боқӣ мондаанд.

Дар изҳорот аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон даъват мешавад, ки «уҳдадориҳое, ки дар доираи қарордодҳои байнулмилалӣ ба зиммааш гирифтааст, риоя намояд».

«Агар мақомоти авиатсионии Тоҷикистон оид ба ҳалли ин вазъ саволҳои иловагӣ дошта бошанд, мақомоти авиатсионии Русия ба оғози гуфтушунид рӯзҳои 22 ё 23 март дар Маскав омода буда, дархост мекунанд, ки то гуфтушунид барои иҷрои парвозҳо ба ширкати «Уралские авиалинии» иҷозатномаи зарурӣ дода шавад», – таъкид мешавад дар изҳорот.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки Русия пайгирона ҷонибдори риояи қарордодҳои ҳосилшуда буда, ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким ва рушди ҳамкорӣ байни мақомоти авиатсионии кишварҳо умедвор аст.

«Дар сурати тасдиқ нашудани барномаи парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» бо хатсайрҳои дар боло зикршуда тибқи дархостҳо, Русия метавонад аз ҳуқуқи роҳандозии тадбирҳои ҳамсон нисбати ширкатҳои Тоҷикистон истифода кунад», – илова мешавад дар изҳороти Вазорати нақлиёти Русия.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.