Боздошти писари собиқ вазири энергетика барои авбошӣ

Кормандони Раёсати корҳои дохилии пойтахт Диловар Гулови 22-сола, писари собиқ вазири энергетика Гул Шералиро барои майдаавбошӣ боздошт намуданд. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Диловар Гулов ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи «Галакси» ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд. «Тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10 марти соли ҷорӣ дар дохили тарабхонаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Раёсати корҳои дохилии пойтахт Диловар Гулови 22-сола, писари собиқ вазири энергетика Гул Шералиро барои майдаавбошӣ боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Диловар Гулов ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи «Галакси» ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд.

«Тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10 марти соли ҷорӣ дар дохили тарабхонаи «Галакси» байни ҷавонон муноқиша ба амал омада, онҳо якдигарро бо суханҳои қабеҳ дашному ҳақорат мекарданд ва ба талаботи кормандони милитсия итоат намекунанд, – қайд мешавад дар маълумоти. –  Сипас гурӯҳи кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 13 нафар ҷавононро ба мақомоти милитсия оварданд».

Гуфта мешавад,  дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Миёни боздоштшудагон ҳамчунин домоди собиқ вазири энергетика Дилшод Нурализода низ ҳузур дорад.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли 2015 Диловар Гулов аз ҷониби кормандони БДА барои риоя накардани қоидаҳои сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаи шахсиаш боздошт шуда, 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

 

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол боздоштшудагон дар ҳабси маъмурӣ қарор дошта, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.