ВКД баъзе ВАО-ро ба дуруғгӯӣ ва иғвоангезӣ айбдор мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъзе васоити ахбори умумро ба нашри маълумотибардурӯғ ва иғвобарангез айбдор мекунад. Дар раддияи нашршуда дар сомонаи ин ниҳод дар ин рбита қайд мешавад, ки 10 марти соли 2018 дар сомонаи иттилоотии «АХБОР КОМ» таҳти унвони «Нархро арзон накунед! Муноқишаи байни тоҷирони тоҷику ӯзбек дар Конибодом» хабар ба чоп расид, ки гуё […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъзе васоити ахбори умумро ба нашри маълумотибардурӯғ ва иғвобарангез айбдор мекунад.

Дар раддияи нашршуда дар сомонаи ин ниҳод дар ин рбита қайд мешавад, ки 10 марти соли 2018 дар сомонаи иттилоотии «АХБОР КОМ» таҳти унвони «Нархро арзон накунед! Муноқишаи байни тоҷирони тоҷику ӯзбек дар Конибодом» хабар ба чоп расид, ки гуё «Баъди кушода шудани марзи Ӯзбекистон тоҷирони ӯзбек бо маҳсулоти арзон вориди бозорҳои Тоҷикистон шудаанд ва бино ба хабарҳо, аллакай байни онҳо ва тоҷирони маҳаллӣ аввалин муноқишаҳо бар сари нарх сар задаанд. Дар Конибодом барои арзон фурухтани молҳояшон чанд тоҷири ӯзбекро ҳатто задаанд… ».

Гуфта мешавад, ҷиҳати санҷиши асоснокии хабари дарҷгардида аз ҳисоби масъулини мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо шаҳрвандон ва тоҷирони шаҳри Конибодом ва дигар ноҳияҳои наздисарҳадӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд.

«Дар натиҷа маълум гашт, ки хабари мазкур бардурӯғ ва иғвобарангез буда, ба ҳақиқат наздикӣ надорад», – қайд мешавад дар раддияи вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки рафтуомади шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвари бо ҳам бародар дӯстона давом дошта, ягон ҳолати муноқишаи байни шаҳрвандон ва тоҷирони ду кишвар сари баландшавии нархи маҳсулот ҷой надорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.