Нархи гази Ӯзбекистон барои Тоҷикистон муқаррар шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни ширкатҳои таъминот ва интиқоли гази Ӯзбекистону Тоҷикистон қарордоди интиқоли ин навъи сӯзишворӣ ба имзо расид, ки дар он интиқоли 126 млн. метри мукааб газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, қарордоди хариду фурӯши гази табииро роҳбарони ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва ҶС «Узтрансгаз» санаи 9 март дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.

«Мувофиқи санади имзошуда, соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи 15,1 млн. доллар ҳудуди 126 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад», – гуфт манбаъ.

Таъкид шуд, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табииро бо арзиши 120 доллар барои 1 ҳазор метри мураббаъ мефурӯшад, ки дар муқоиса бо нархҳои ҳозира дар бозори ҷаҳонӣ (нархи биржавии имрӯза – 277 доллар барои ҳазор метри мураббаъ) беш аз 2 маротиба поинтар аст.

Зимнан илова шуд, ки дар сурати пайдо шудани талаботи иловагӣ ба гази табиӣ, Ӯзбекистон ба афзоиши ҳаҷми интиқол омода аст.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи аввали гуфтушунид доир ба барқарор шудани интиқоли газ байни «Тоҷиктрансгаз» ва «Узтрансгаз» ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта дар доираи гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории энергетикӣ дар Тирмиз доир гардида буд.

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табииро бо арзиши 120 доллар барои 1 ҳазор метри мураббаъ мефурӯшад.

Он замон интизорӣ мерафт, ки то охири сол ҳамаи масъалаҳо мувофиқа шуда, ҷонибҳо қарордоди солона ба имзо мерасонанд, ки бар асоси он гази Ӯзбекистон дубора ба Тоҷикистон интиқол меёбад, аммо ин ният амалӣ нашуд.

Ӯзбекистон соли 2012 интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ намуд. Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон – КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва чанде аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумда корхонаи сементбарории Душанбе маҳсуб меёфтанд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷа ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон, ки аз гази Ӯзбекистон истифода мекарданд, минбаъд ба гази синтезшудаи аз ангишт ҳосилшуда ё ба истифодаи худи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...