Чорабиниҳои идонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои идонаи фарҳангиву фароғатӣ ва сайругаштҳои оммавӣ доир мегарданд.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, аз соати 9-и субҳи рӯзи 21 март дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Фирдавсӣ, боғи ба номи Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони «800-солагии Маскав» дар ноҳияи Шоҳмансур ва боғи ба номи Мироненко дар ноҳияи Сино бо иштироки устодони санъат ва дастаҳои ҳунарӣ консерту чорабиниҳои идона ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ оғоз мегарданд.

Рӯзи 22 март дар Душанбе бори нахуст таҳти унвони  “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳии Наврӯзи байналмилалӣ  баргузор мешавад. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузошта, барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Рӯзи 25 март дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» намоиши пуршукӯҳи театришуда барпо мешавад. Рӯзи 26 март дар ҳамин маҷмаа мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ ва 31 март мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ 178 ҳазору 825 сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз – аз 21 то 24 март дар «Қасри теннис»-и пойтахт барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2018» байни писарону духтарони наврас мусобиқаи теннис доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷашни Наврӯзи имсола тоҷикистониён пайиҳам 6 рӯз – аз 21 то 26 март истироҳат мекунанд.

Соли равон чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март дар шаҳри Панҷакент ва 23 март дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) баргузор мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...