Рӯйхати тоҷикистониёни алоқаманд ба террористон ҳазор нафар зиёд шуд

Раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои оилаи ӯ, ҳамчунин журналисти тоҷик Додоҷони Атовулло дар рӯйхати шахсони алоқаманд ба терроризм эътирофшуда дарҷ ёфтаанд. Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон шумори рӯйхати шахсонеро, ки шахсонеро, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла робита доштан бо террористон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои оилаи ӯ, ҳамчунин журналисти тоҷик Додоҷони Атовулло дар рӯйхати шахсони алоқаманд ба терроризм эътирофшуда дарҷ ёфтаанд.

Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон шумори рӯйхати шахсонеро, ки шахсонеро, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла робита доштан бо террористон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, зиёд кард.

Айни замон 1 ҳазору 372 нафар дар ин феҳрист қарор доранд. Як сол пеш дар ин рӯйхат ҳамагӣ беш аз 200 нафар ҳузур доштанд.

Дар қатори Муҳиддин Кабирӣ дар рӯйхат бародари 63-солаи ӯ Якоша Кабиров, хоҳари 46-солааш Бибисоро Кабирова ва ҳамчунин писари 23-солаи вай Салимҷон Кабиров низ зикр шудаанд.

Бонки миллӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ даъват кардааст, ки ҳамкории молиро бо онҳо қатъ намоянд.

Дар ин рӯйхат 15 ташкилоту созмонҳо, аз ҷумла «Ихвон-ул-Муслимин», «Ҷамоати Исломӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари Тайба», «Таблиғи Ҷамоат», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида», «Ҷамоати-Таблиғ», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра зикр шудааст.

Ҳадаф аз нашри феҳрист ҳабси дороиҳои шаҳрвандон ва созмонҳоест, ки дар пулшӯӣ даст доранд ва рӯйхати мазкур бар асоси талаботи Гурӯҳи коркарди тадбирҳои молиявӣ дар мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ) – Financial Action Task Force – ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул таҳия шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.