«Одамон гӯё ба ид мерафтанд»: дар Душанбе 95% ба ҷонибдории Путин овоз доданд

Asia-Plus

Дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон 11 ҳазор нафар иштирок карданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба раиси комиссияи интихоботӣ, мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Валерий Дергачёв, тибқи маълумоти пешакӣ, аз ин шумор 95% ба ҷонибдории президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин овоз додаанд.

«Дар ҳамин ҳол, дар интихоботи соли 2016 ба Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон 4,39 ҳазор нафар иштирок кардаанд», – гуфтааст Дергачёв.

Ба гуфтаи ӯ, номзадҳои дигар ба мансаби президентӣ дар ин кишвар дар маҷмӯъ 5%-и овозҳои интихобкунандагонро касб кардаанд.

Номбурда қайд кардааст, ки маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бидуни қонуншиканӣ сурат гирифта, дар бораи нақзи қонун «Дар бораи интихоботи президенти Русия» ягон шикояти хаттӣ ворид нашудааст.

«Дар маъракаи интихобот фазои идона ҳукмфармо буд, мардум бо сарулибоси озода ва кӯдакони худ ба интихобот омаданд, ҳамаи хоҳишмандон овоз доданд», – гуфтааст вай.

Дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, назди консулгарии Русия дар Хуҷанд, дар гарнизони пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе ва Қурғонтепппа (се қитъа) ва ҳамчунин иншооти низомии кайҳонии «Окно» дар шаҳри Норак қитъаҳои овоздиҳӣ боз шуда буданд. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...