Ҳамадонӣ: мард бо зарбаи бел 2 нафарро кушт

Дар ноҳияи Ҳамадони як сокини маҳаллӣ ба гумони куштори ду нафар дастгир шуд. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, марди 31-солаи гирифтори бемории рӯҳӣ дар ҳавлии истиқоматиаш бе ягон асос ба сару бадани ҳамсари 24-сола ва ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 4-солааш бо бел якчанд маротиба задааст. «Баъдан ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояҳояш: зани 53-сола, […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҳамадони як сокини маҳаллӣ ба гумони куштори ду нафар дастгир шуд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, марди 31-солаи гирифтори бемории рӯҳӣ дар ҳавлии истиқоматиаш бе ягон асос ба сару бадани ҳамсари 24-сола ва ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 4-солааш бо бел якчанд маротиба задааст.

«Баъдан ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояҳояш: зани 53-сола, соҳиби 5-фарзанд ва зани 36-сола, соҳиби 3-фарзанд, даромада, ба узвҳои бадани онҳо низ бе ягон асос бо бел якчанд маротиба зарба задааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа духтари хурдсоли 3-солааш ва ҳамсояаш зани 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.

«Ҳамсар, духтари 4-солааш ва зани 32-солаи ҳамсояаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарианд», – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.