Ирсоли дархост ба прокуратураи Маскав оид ба парвандаи Хайрулло Мирсаидов

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Суғд оид ба парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба раҳбарияти Ҳаракати байнулмилалии КВН дар Маскав дархости расмӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» прокуратураи вилояти Суғд аз раҳбарияти КВН сабтҳои видеои ҳунарнамоии дастаи Тоҷикистонро дархост кардааст.

«Бале, мо дарвоқеъ ҳам дар доираи тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов дархост фиристодем, вале ман гуфта наметавонам, ки дархост бо кадом масъала ирсол шудааст, чунки тафтишот ҳоло идома дорад ва ин метавонад ҷараёни онро халадор созад. Дархост барои маълум кардани баъзе ҳолатҳо фиристода шуд», – гуфт ба «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова.

Дар ҳамин ҳол, «Ахбор» менависад, дархост ҳамчунин бо он мақсад фиристода шудааст, ки ба масъалаи истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии ҷудошуда ба даста рӯшанӣ андохта шавад, яъне муайян кардани нархи зист дар меҳмонхона, шумори нафароне, ки барояшон маблағ пардохт шудааст ва ғайра.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Қаблан Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро аз маҳбас озод кунанд.

Аввали моҳи феврали соли равон бо дархости прокурор «бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда», муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...