Ирсоли дархост ба прокуратураи Маскав оид ба парвандаи Хайрулло Мирсаидов

Прокуратураи вилояти Суғд оид ба парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба раҳбарияти Ҳаракати байнулмилалии КВН дар Маскав дархости расмӣ ирсол намуд. Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» прокуратураи вилояти Суғд аз раҳбарияти КВН сабтҳои видеои ҳунарнамоии дастаи Тоҷикистонро дархост кардааст. «Бале, мо дарвоқеъ ҳам дар доираи тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло […]

Прокуратураи вилояти Суғд оид ба парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба раҳбарияти Ҳаракати байнулмилалии КВН дар Маскав дархости расмӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» прокуратураи вилояти Суғд аз раҳбарияти КВН сабтҳои видеои ҳунарнамоии дастаи Тоҷикистонро дархост кардааст.

«Бале, мо дарвоқеъ ҳам дар доираи тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов дархост фиристодем, вале ман гуфта наметавонам, ки дархост бо кадом масъала ирсол шудааст, чунки тафтишот ҳоло идома дорад ва ин метавонад ҷараёни онро халадор созад. Дархост барои маълум кардани баъзе ҳолатҳо фиристода шуд», – гуфт ба «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова.

Дар ҳамин ҳол, «Ахбор» менависад, дархост ҳамчунин бо он мақсад фиристода шудааст, ки ба масъалаи истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии ҷудошуда ба даста рӯшанӣ андохта шавад, яъне муайян кардани нархи зист дар меҳмонхона, шумори нафароне, ки барояшон маблағ пардохт шудааст ва ғайра.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Қаблан Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро аз маҳбас озод кунанд.

Аввали моҳи феврали соли равон бо дархости прокурор «бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда», муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.