Авҷи ихтилоф: манъи парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Тоҷикистон аз 2 апрел як қатор иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северний ветр" ва "Глобус" бозхонд мекунад, ки ба 11 хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо дахл хоҳад дошт.

Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори Росавиатсия дар бораи манъи парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия ба 11 самт аст.

Бино ба иттилои манбаъ, парвози ҳавопаймоҳои 5 ширкати Русия – "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северний ветр" ва "Глобус" тариқи 11 хатсайр аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон манъ мешавад.

Рӯзи 3 апрел ҳайати Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор мешавад, то ки бо мақомоти авиатсионии Русия ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада гуфтушунид гузаронад. Ба ҷуз намояндагони мақомоти авиатсионӣ, ба ин ҳайат ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлияи ҷумҳурӣ низ шомиланд.

Аз ҷумла, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвозро ба Душанбе – аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург, Самара ва ба Хуҷанд – аз Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара ва Сургут бозхонд мекунанд.

Рӯзи 1 апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи аз 31 март манъ шудани парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба як қатор хатсайрҳои ба Русия изҳорот мунташир намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...