Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Минск

Asia-Plus

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 6 апрел дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск доир мегардад, дар 12 банд баррасии масоили ҳамкории сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин тадбирҳои мутақобилаи таъмини амният дар назар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои сиёсати байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобила дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамчунин баррасии масъалаҳои марбут ба ворид намудани як қатор тағйироту илова ба санадҳои қаблан дар доираи Иттиҳод қабулшуда низ ба нақша гирифта шудааст.

Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов иштирок мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...