Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Минск

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 6 апрел дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск доир мегардад, дар 12 банд баррасии масоили ҳамкории сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин тадбирҳои мутақобилаи таъмини амният дар назар аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои сиёсати байнулмилалӣ ва […]

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 6 апрел дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск доир мегардад, дар 12 банд баррасии масоили ҳамкории сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин тадбирҳои мутақобилаи таъмини амният дар назар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои сиёсати байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобила дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамчунин баррасии масъалаҳои марбут ба ворид намудани як қатор тағйироту илова ба санадҳои қаблан дар доираи Иттиҳод қабулшуда низ ба нақша гирифта шудааст.

Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов иштирок мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.