Нигаронии ВКХ Тоҷикистон аз мушкилоти алоқаи ҳавоӣ бо Русия

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи бамиёномада дар масъалаи алоқаи ҳавоӣ бо Русия, ки ба корхонаҳои ҳарду ҷониб зиёни назарраси иқтисодӣ ба бор меорад, нигаронӣ изҳор намуд.

Дар шарҳи интишоршудаи ВКХ Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки бо назардошти вазъи бамиёномада, Тоҷикистон тарзи фишороварии мавриди истифодаи Русияро ноҷоиз ва бесамар медонад.

«Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли баҳсҳо танҳо тариқи машварату гуфтушуниди дуҷониба дар рӯҳияи шарикии стратегӣ бидуни истифодаи таҳрим ё таҳдиди истифодаи он мебошад», – омадааст дар шарҳи ВКХ Тоҷикистон.

Қайд мешавад, ки бо мақсади таҳким ва густариши ҳамкории пурсамар, ҳукумати Тоҷикистон сохтори идоракунии авиатсияи гражданиро тағйир дода, Агентии авиатсияи граждании назди ҳукуматро таъсис дод.

«Дар робита ба корҳои тадорукотӣ ва масъалаҳои роҳандозии фаъолияти Агентии мазкур, Тоҷикистон баррасии масъалаҳои тасдиқ ва додани иҷозатномаҳо барои парвоз ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро мавқуф гузошт», – зикр мегардад дар шарҳ.

Гуфта мешавад, миёни Тоҷикиситон ва Русия солҳои тӯлонӣ ҳамкорӣ дар бахши авиатсия рушд ёфта, баҳсҳои ҷонибҳо мувофиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи ҳавоӣ аз 12 сентябри соли 1997 танзим мешаванд, аз ҷумла таъини ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар.

«Тоҷикистон иҷрои бечуну чарои уҳдадориҳо тибқи қарордодҳо буда, ба ҳамкории мутақобилан судманд ва пурсамар бо мақомоти авиатсионии Русия манфиатдор аст», – қайд мешавад дар шарҳ.

Таъкид мешавад, ки айни замон беш аз 60%-и бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо ба ҳиссаи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати гуфтушунид оид ба вазъи бамиёномада ба Маскав раҳсипор шудааст.

Ба ҳайати Тоҷикистон муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Азиз Набизода ва намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...