Нигаронии ВКХ Тоҷикистон аз мушкилоти алоқаи ҳавоӣ бо Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи бамиёномада дар масъалаи алоқаи ҳавоӣ бо Русия, ки ба корхонаҳои ҳарду ҷониб зиёни назарраси иқтисодӣ ба бор меорад, нигаронӣ изҳор намуд. Дар шарҳи интишоршудаи ВКХ Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки бо назардошти вазъи бамиёномада, Тоҷикистон тарзи фишороварии мавриди истифодаи Русияро ноҷоиз ва бесамар медонад. «Тоҷикистон […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи бамиёномада дар масъалаи алоқаи ҳавоӣ бо Русия, ки ба корхонаҳои ҳарду ҷониб зиёни назарраси иқтисодӣ ба бор меорад, нигаронӣ изҳор намуд.

Дар шарҳи интишоршудаи ВКХ Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки бо назардошти вазъи бамиёномада, Тоҷикистон тарзи фишороварии мавриди истифодаи Русияро ноҷоиз ва бесамар медонад.

«Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли баҳсҳо танҳо тариқи машварату гуфтушуниди дуҷониба дар рӯҳияи шарикии стратегӣ бидуни истифодаи таҳрим ё таҳдиди истифодаи он мебошад», – омадааст дар шарҳи ВКХ Тоҷикистон.

Қайд мешавад, ки бо мақсади таҳким ва густариши ҳамкории пурсамар, ҳукумати Тоҷикистон сохтори идоракунии авиатсияи гражданиро тағйир дода, Агентии авиатсияи граждании назди ҳукуматро таъсис дод.

«Дар робита ба корҳои тадорукотӣ ва масъалаҳои роҳандозии фаъолияти Агентии мазкур, Тоҷикистон баррасии масъалаҳои тасдиқ ва додани иҷозатномаҳо барои парвоз ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро мавқуф гузошт», – зикр мегардад дар шарҳ.

Гуфта мешавад, миёни Тоҷикиситон ва Русия солҳои тӯлонӣ ҳамкорӣ дар бахши авиатсия рушд ёфта, баҳсҳои ҷонибҳо мувофиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи ҳавоӣ аз 12 сентябри соли 1997 танзим мешаванд, аз ҷумла таъини ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар.

«Тоҷикистон иҷрои бечуну чарои уҳдадориҳо тибқи қарордодҳо буда, ба ҳамкории мутақобилан судманд ва пурсамар бо мақомоти авиатсионии Русия манфиатдор аст», – қайд мешавад дар шарҳ.

Таъкид мешавад, ки айни замон беш аз 60%-и бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо ба ҳиссаи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати гуфтушунид оид ба вазъи бамиёномада ба Маскав раҳсипор шудааст.

Ба ҳайати Тоҷикистон муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Азиз Набизода ва намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.