Оғози содироти барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҷикистон аз 2 апрел ба содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистон оғоз кард. Шоми дирӯз хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) то зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил хоҳад дод.

Қаблан Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба мувофиқа расида буданд. Дар мавсими тобистон Ӯзбекистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон – 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Охири моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ дар парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошта буд, ки аз тобистони соли 2018 Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.

Он замон ӯ қайд карда буд, ки баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйироти назаррас сурат гирифт.

«Баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон, шимоли кишвар бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин шуд, ки қаблан аз нерӯи барқи Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекарданд. Дар навбати худ, минтақаи ҷануби Ӯзбекистонро, ки қаблан аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирифт, Ӯзбекистон низ худаш бо барқ таъмин кард», – қайд кард вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. «Барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор ва лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматикаро амалӣ созад», – иброз дошт Усмонзода.

Вазир зикр кард, ки соли 2017 энергетикҳои тоҷик чун соли пешин беш аз 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки ба таъмини кишвар бо нерӯи барқ бидуни ҷорӣ сохтани маҳдудият (лимит) имкон дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...