Оғози тафтиши марги Абдурасул Назаров дар прокуратура ва ВКД

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.

«Бо мақсади муайян кардани далелҳо, яъне дарвоқеъ ҳам даст доштани кормандони ШВКД ба марги боздоштшуда Абдурасул Назаров мо санҷиши дохилиро оғоз намудем. Прокуратураи шаҳри Душанбе низ санҷиш мегузаронад. Аз натиҷаҳои он баъдан васоити ахбори оммаро огоҳ мекунем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи 28 март кормандони Шуъбаи ВКД-2 ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 28 март сокини шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаровро, ки бо оилааш муваққатан дар шаҳри Душанбе иқомат дошт, боздошт кардаанд. Рӯзи 29 март кормандони милитсия ӯро ба Маркази миллии тиббӣ меоранд.

Дар қабулгоҳи марказ табибон баъди муоина марги ӯро тасдиқ мекунанд: яъне вақте кормандони милитсия ӯро ба бемористон меоранд, ӯ аллакай мурда буд, хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло).

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, А.Назаровро кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд. Як рӯз пеш аз боздошти А.Назаров, бо як миқдор маводи нашъаовар сокини пойтахт боздошт шудааст, ки ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзида шуд.

Зимни бозпурсӣ ӯ баёнот додааст, ки ин миқдори маводи нашъаоварро ӯ барои минбаъд паҳн кардан аз Абдурасул Назаров гирифтааст.

«Баъди ба бинои ШВКД-2 ноҳияи Сино овардан, Назаров ба сактаи дил (инфаркт) гирифтор шуда, дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилӣ.

Ӯ ба «Азия-Плюс» итминон дод, ки табибони қабулгоҳи Маркази миллии тиббӣ марги ӯро аз бемории дил дар ҳуҷҷатҳо сабт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Садбарг Бобохонова, ҳамсари А.Назаров дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки «дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд, дастонаш, як тарафи сараш захм дорад, дар чеҳрааш осори латту кӯб ҳаст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...