Хадамоти алоқа харидории интернетро танҳо аз «Тоҷиктелеком» талаб мекунад

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон маълумот медиҳад, ки дар бораи танҳо аз «Тоҷиктелеком» харидани трафики интернет ҳеҷ супорише вуҷуд надорад. Дар номаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба унвони Ассотсиатсияи операторони мобилӣ гуфта мешавад, ки чунин талабот беасос аст. «Дар нома қайд мешавад, ки ҶСК «Тоҷиктелеком» бо ариза ҷиҳати харидори истиноӣ будани трафики интернет аз хориҷа ва тақсимоти минбаъдаи он […]

Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон маълумот медиҳад, ки дар бораи танҳо аз «Тоҷиктелеком» харидани трафики интернет ҳеҷ супорише вуҷуд надорад.

Дар номаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба унвони Ассотсиатсияи операторони мобилӣ гуфта мешавад, ки чунин талабот беасос аст.

«Дар нома қайд мешавад, ки ҶСК «Тоҷиктелеком» бо ариза ҷиҳати харидори истиноӣ будани трафики интернет аз хориҷа ва тақсимоти минбаъдаи он ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат накардааст. Хадамот бинобар сабаби мавҷуд набудани ариза аз ҷониби «Тоҷиктелеком» нархро ба интернет муқаррар накардааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Ассотсиатсияи операторони мобилии кишвар.

Қобили зикр аст,ки ширкати миллии «Тоҷиктелеком», ки корхонаи зертобеъи Хадамоти алоқа аст, то ҳол трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад. «Тоҷиктелеком» аз соли нав мустақилона харидории интернетро аз кишварҳои ҳамсоя ба провайдерон ва ширкатҳоии мобилӣ манъ кард.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ин бозор, акнун ширкатҳои фароҳамсози интернет маҷбуранд, ки аз Тоҷиктелеком» бо нархи 51 ҳазор доллар барои гигабит бидуни назардошти ААИ интернет харанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан онҳо ин миқдор интернетро аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Чин яклухт бо нархи аз 10 то 20 ҳазор доллар мехариданд.

Дар ҳамин ҳол, аз 1 ноябри соли 2017 «Тоҷиктелеком» арзиши интернетро барои муштариёни худ ба андозаи 20 фоиз поин бурд. Масалан, қаблан тарифи бидуни маҳдудият (бе лимит) 150 сомонӣ нарх дошта, ҳозир он бо арзиши 120 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Зимни нишасти хабарӣ ба савол дар бораи монополӣ будани амалҳои «Тоҷиктелеком» дар ин самт, Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода посух дода буд, ки дар қатори 38 субъекти дигар «Тоҷиктелеком» аз соли 2010 дар рӯйхати Субъектҳои монополияҳои табиӣ қарор дорад ва амалҳои ӯ бо қонун «Дар бораи монополияҳои табиӣ» танзиму назорат мешавад.

Ба гуфтаи як манбаи «Азия-Плюс», ширкатҳои мобилӣ то ҳол ба дархости худ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бобати ғайриқонунӣ будани монополияи Хадамоти алоқа посух нагирифтаанд. Ҳамчунин тафтиши масъалаи манъи кори NGN дар қаламрави ҷумҳурӣ низ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ба итмом нарасидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.