Тобистони имсол эстакада дар маҳаллаи 82-юм боз мешавад

Эстакадаи сесатҳаи нақлиётӣ дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, корҳои сохтмони эстакадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», қитъаи роҳи аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Эстакадаи сесатҳаи нақлиётӣ дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, корҳои сохтмони эстакадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», қитъаи роҳи аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе аввали моҳи июл ба итмом мерасанд.

«Лоиҳаи мазкурро ширкати ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин ба маблағи наздики 25,5 млн. доллар амалӣ месозад. Корҳо аввали моҳи июл оғоз гардида, тибқи ҷадвал аввали моҳи июли соли равон ба анҷом расонида мешаванд», – гуфт маенбаъ дар Вазорати нақлиёт.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

 

Ёдрас мекунем, ки аз 26 феврал дар чорроҳаи маҳаллаи Қарияи Боло низ сохтмони эстакадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», қитъаи роҳи аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе оғоз шуд. Иншооти мазкур аз се сатҳ иборат буда, дар буриши кӯчаҳои хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино ҷойгир аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.