Таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ чанде қабл бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷонибҳо таъкид доштанд, ки имконоти фарохи мавҷуда бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ чанде қабл бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷонибҳо таъкид доштанд, ки имконоти фарохи мавҷуда бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки Фонди муштараки сармоягузории мустақим ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар таъсис дода шавад.

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур ҳамчунин ҳамраиси комиссияи муштарак аз ҷониби Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фарух Ҳамрализода бо Муовини вазири савдо ва саноати Саудӣ Моҷид ал-Бовардӣ, Муовини раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ Айид Ал-Утайбӣ ва Мудири иҷроияи Сандуқи Саудии рушд Юсуф Албассом мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Рӯзҳои 2 ва 3 апрел дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ҳамчунин ду форуми соҳибкорию сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Риёз инчунин мулоқоти Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Раиси Кумитаи сайёҳӣ ва осори ватании Арабистони Саудӣ Шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд басо судбахш доир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.