Қазоқистон тарафдори ҳарчи бештар захираи об дар обанбори Қайроққум аст

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Қазоқистон дар як созишнома ба Тоҷикистон эълон кардааст, ки тарафдори ҳарчи бештар захира шудани об дар обанбори Қайроққум аст. Ин кишвар мехоҳад, дар гармои тобистон аз ин захираи об дар шимоли кишвар истифода кунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, феълан идораҳои давлатии Тоҷикистон созишномаи пешниҳодии Остонаро ба баррасӣ гирифтаанд ва ин мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи 4-уми апрел дар порлумон ҳам садо дод.

Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти Қазоқистон дар созишнома асосан "истифодаи самарбахш аз захираҳои обии "Баҳри тоҷик"-ро пешниҳод кардаанд. Ӯ гуфт, айни чунин алоқамандиро Ӯзбекистон ҳам нишон додааст.

"Аммо ин ба маънои фурӯши об аз тарафи Тоҷикистон нест. Танҳо дар иваз Қазоқистону Узбекистон ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард, то дар обанбори Қайроққум миқдори бештари об барои фасли тобистон захира шавад. Ин кор, албатта, маблағ металабад ва Тошканду Остона омода ҳастанд, пули масрафшуда барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории об дар “Баҳри тоҷик”-ро ба Тоҷикистон ҷуброн кунанд”, – шарҳ дод ӯ.

Муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ҳамасола дар сурати рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел дар кишвар, ҳам Қазоқистон ва ҳам Ӯзбекистон кумаки башардӯстона мефиристанд.

“Хуб мешуд, ки маблағи ин кумакҳоро то вуқӯи сел ба Тоҷикистон бидиҳанд, то тавонем бо истифода аз онҳо ҷӯйборҳову каналҳои обгузари худро тармим кунем. Шароити ҷамъоварии об дар обанборҳои бузурги кишварро танзим созем. Дар ниҳоят, оби ҷамъшуда, аз ҷумла аз обанбори нерӯгоҳи Қайроққум ва дигар обанборҳои Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишоварзии кишварҳои поёноби минтақа истифода мешавад", – гуфт Султон Раҳимзода.

Зимнан, то соли 2008 Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар мавриди танзими сатҳи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ҳамкорӣ мекарданд. Ин ду кишвар бо маблағ ва мутахассисон барои нигаҳдории оби рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё ба Тоҷикистон ёрӣ мекарданд.

Аммо дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон, дар пайи ихтилофҳои ду кишвар бар сари мансубияти обанбори Фарҳод дар рӯдхонаи Сир ин ҳамкориҳо мутаввақиф шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.