Дар ИМА аз бедаракшавии Гулнора Каримова нигаронанд

Аллакай муддати чандин сол аст, ки дар бораи Гулнора Каримова, духтари нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов маълумоти боэътимоду саҳеҳ пайдо кардан душвор аст. Рӯзи 4 апрел The New York Times таҳти унвони «Гугуша – «духтари аввал»-и гумшуда аз Ӯзбекистон дар куҷост?» мақола нашр намуд. Бо истинод ба ин нашрия CA-NEWS қайд мекунад, ки Гулнора Каримова то […]

Asia-Plus

Аллакай муддати чандин сол аст, ки дар бораи Гулнора Каримова, духтари нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов маълумоти боэътимоду саҳеҳ пайдо кардан душвор аст.

Рӯзи 4 апрел The New York Times таҳти унвони «Гугуша – «духтари аввал»-и гумшуда аз Ӯзбекистон дар куҷост?» мақола нашр намуд.

Бо истинод ба ин нашрия CA-NEWS қайд мекунад, ки Гулнора Каримова то ҳол аз мақбараи падараш боздид накарда, дар маросимҳои гӯручӯб ва дигар расму оинҳои таъзияи падараш низ ҳузур надошт. Ӯ соли 2014 бедарак шуд.

«Аксарият бар ин назаранд, ки Гулнора Каримова даргузашта, ваҷҳу далелҳое, ки ин фарзияро инкор кунанд, мавҷуд нестанд, – қайд мешавад дар мақола. – Чанде аз хешону наздикони Гулнора мехоҳанд, ки аз аҳволи ӯ воқиф шаванд».

Коршиносони Human Rights Watch дар Осиёи Марказӣ ба нашрия изҳор намудаанд, ки дар мавриди ин масъала ҳатто собиқ ҳамсари Гулнора – амрикоии ӯзбеку афғонтабор Мансур Мақсудӣ аз онҳо кумак хостааст.

Айни замон Мансур хоҳони он аст, ки аз макони будубош ва вазъи зиндагии собиқ ҳамсараш огоҳ бошад. Ҳамчунин Ислом, писари Гулнора низ шикоят дорад, ки тибқи маълумоти доштааш, модарашро аз робита бо ҷаҳони беруна маҳрум кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.