Президент ба аёдати Бозор Собири бемор дар ИМА дастур дод

Бозор Собир – шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, […]

Asia-Plus

Бозор Собир – шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Намояндагии ҶТ дар СММ ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ додд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собири 79-сола дар бемористони шаҳри Сиэтли ИМА бистарист. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим хабар дод.

«Вақтҳои охир Бозор Собир худро бад ҳис мекард ва бо ҳамин сабаб баҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омада натавонист. Мо бо ӯ тариқи телефон гап зада, шоир изҳор намуд, ки табибон ба ӯ сафарҳои тӯлониро иҷоза намедиҳанд», – хабар дод Низом Қосим.

Зимнан зикр шуд, ки Бозор Собир чанд рӯз пеш дар бемористон бистарӣ шуда, аз вазъи ҳозираи шоир ӯ хабар надорад.

Дар бораи бемории Бозор Собир рӯзи 5 апрел Барот Қодирӣ дар саҳифааш дар Фейсбук бо истинод ба наздикони шоир хабар дод. Ӯ навишт, ки шоир  5 рӯз боз дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) таҳти табобат қарор дорад.

Радиои Озодӣ менависад, Гулчеҳра Собир – ҳамсари Бозор Собир – шоири маъруфи тоҷик гуфтааст, ки ӯ як ҳафта боз дар бемористони Сиэтл бистарист ва вазъаш бисёр вазнин аст: «Сахт маззааш нест. Дар бемористон дар паҳлӯяш истодаам. Тамоман сиҳат нестанд». Аммо ӯ дар бораи бемории Бозор Собир ҷузъиёт надодааст. Танҳо гуфтааст, ки шоири маъруф аз дарди қалб ранҷ мекашад.​ 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио