Форуми минтақавии соҳибкорзанон дар Душанбе

Дар меҳмонхонаи «Шератон» имрӯз Форуми минтақавии соҳибкорзанон оғоз мегардад, ки беш аз 200 нафар занони тоҷирро дар соҳаҳои ҳунармандӣ ва сайёҳӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон гирдиҳам меорад. Чорабинии мазкур аз ҷоиби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Асссотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон, сафорати ИМА дар ҶТ, Бонки аврупоии таҷдиду […]

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи «Шератон» имрӯз Форуми минтақавии соҳибкорзанон оғоз мегардад, ки беш аз 200 нафар занони тоҷирро дар соҳаҳои ҳунармандӣ ва сайёҳӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон гирдиҳам меорад.

Чорабинии мазкур аз ҷоиби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Асссотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон, сафорати ИМА дар ҶТ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки осиёгии рушд ва USAID созмон дода мешавад.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон форуми имсола ба мавзӯи «Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ» бахшида шудааст.

Дар доираи кори форум барои соҳибкорзанон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор машғулиятҳои кушод гузаронида мешаванд. Иштирок дар машғулиятҳо бепул ва тибқи пешакӣ номнавис шудан сурат мегирад.

Ин машғулиятҳоро намояндагони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Олмон ва Тоҷикистон барпо мекунанд.

Рӯзҳои 6-7 апрел намоишгоҳи молу маҳсулоти занони ҳунарманди Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад, ки дарҳояш барои ҳамаи хоҳишмандон боз аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.