Занозании тоҷикону кореягиҳо наворбардорӣ шуд

Зимни муноқишаву ҷанҷоли оммавии муҳоҷирон дар як сохтмони шаҳри Краснодар арматураву санг ва чӯбдастҳо ба кор рафта, яке аз муҳоҷирон ин задухӯрдро наворбардорӣ кардааст, хабар медиҳад Вести.ру. Дар Раёсати шаҳрии ВКД қайд кардаанд, ки муноқиша дар майдони сохтмони маҷмааи иқоматии «Тургенев» байни муҳоҷирони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ рух додааст. Дар бораи сабабҳои сар задани муноқиша […]

Asia-Plus

Зимни муноқишаву ҷанҷоли оммавии муҳоҷирон дар як сохтмони шаҳри Краснодар арматураву санг ва чӯбдастҳо ба кор рафта, яке аз муҳоҷирон ин задухӯрдро наворбардорӣ кардааст, хабар медиҳад Вести.ру.

Дар Раёсати шаҳрии ВКД қайд кардаанд, ки муноқиша дар майдони сохтмони маҷмааи иқоматии «Тургенев» байни муҳоҷирони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ рух додааст. Дар бораи сабабҳои сар задани муноқиша маълумот дода намешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=nypGAmhskQg

Сабаби муноқиша ва шумори осебдидагон номаълум боқӣ мемонад, ҳеҷ кадоме аз иштирокчиёни муноқиша (онҳо беш аз 20 нафар будаанд) ба бемористон ё мақомоти пулис муроҷиат накардааст.

Баъди нашри мавод шоми рӯзи 4 апрел намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 49 нафар муҳоҷирони машғули кор дар сохтмонро ба шуъбаи пулис оварда, худи ҳамон рӯз ҷавоб додаанд, зеро ҳуҷҷатҳои ҳамаи онҳо дуруст буда, барои кор дар Русия патент доштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.