Писари марди аз тири сарҳадбонон ҳалокшуда ба тарки таҳсил маҷбур шуд

Аваз Юлдошев

Писари сокини 44-солаи шаҳри Исфара Қодирхон Усмонхоҷаев, ки аввали моҳи январ аз тири сарҳадбонон ҳалок шуд, ба тарки таҳсил дар яке аз мактабҳои олии муътабари Тоҷикистон маҷбур шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони марҳум.

Ба гуфтаи ӯ, писари марҳум Аҳадхон дар курси якуми факултаи «сохтмон ва меъморӣ»-и Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон таҳсил мекард.

«Бинобар сабаби марги падар ӯ маҷбур шуд, ки аз таҳсил даст кашида, аз пойтахт ба Исфара бозгардад, – мегӯянд хешовандон. – Аҳли оила дигар зисту таҳсилу ӯро дар пойтахт таъмин карда наметавонанд. Шаҳрдории Исфара баъди марги Усмонхоҷаев ваъда дода буд, ки ба таҳсили кӯдаконаш кумак мекунад, вале ҳеҷ амали мушаххасе сурат нагирифт».

Писари дуюми Усмонхоҷаев, ки дар литсейи №2-и шаҳри Исфара таҳсил мекард низ аз таҳсил даст кашида, ба хона баргаштааст ва акнун дар мактаби таҳсилоти умумӣ мехонад.

Мутриба Охунова, ҳамсари марди ҳалокшуда қаблан ба ВАО изҳор дошта буд, ки намоянагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Исфара боре ҳам аз ҳолу аҳволи оила ва кӯдакони ӯ хабар нагирифтаанд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ қайд кард, ки ба адолати судӣ дар тафтиши парвандаи шавҳари марҳумаш бовар надорад. «Сарбозони судшаванда дар мурофиа бисёр вақт нишондодҳои худро тағйир медиҳанд, аввал гуфта буданд, ки бидуни огоҳӣ ва фармон тир кушодаанд, баъдан аз ин гуфтаашон даст кашиданд», – изҳор дошт М.Охунова.

Суди гарнизони ҳарбии Хуҷанд рӯзи 3 апрел ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз намуд. Онҳо сӯи моҳигирон тир кушода, дар натиҷа ду нафари онҳо ҳалок шуда буданд.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шуд, ки сарбозони тиркушода хизматчиёни ҳарбии қисми 0215-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мебошанд.

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон чун пешина дар мавриди ин масъала хомӯширо ихтиёр карда, аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ меварзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...