Ба муҳоҷирон худдорӣ аз сафар ба Екатеринбург тавсия шуд

Дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия муҳоҷиронро беҳтар аст, ки аз сафар ба шаҳрҳое, ки дар он бозиҳои чемпионат мегузаранд, худдорӣ намоянд, чунин тавсияҳо чандин бор аз ҷониби ҳукуматдорон ва диаспораҳо садо доданд. Роҳбари Ассотсиатсияи халқҳои Урал ва раиси шӯрои Ҷамъияти фарҳанги тоҷикон «Сомон» Фаррух Мирзоев дар мусоҳиба ба Muhojir.news.tj изҳор […]

Muhojir.news.tj

Дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия муҳоҷиронро беҳтар аст, ки аз сафар ба шаҳрҳое, ки дар он бозиҳои чемпионат мегузаранд, худдорӣ намоянд, чунин тавсияҳо чандин бор аз ҷониби ҳукуматдорон ва диаспораҳо садо доданд. Роҳбари Ассотсиатсияи халқҳои Урал ва раиси шӯрои Ҷамъияти фарҳанги тоҷикон «Сомон» Фаррух Мирзоев дар мусоҳиба ба Muhojir.news.tj изҳор намуд, ки ин маслиҳатҳо ҳама ба нафъи муҳоҷиронанд.

«Агар ҳуҷҷатҳои муҳоҷири ҳама гуна давлат дуруст набошад, беҳтар аст, ки давраи баргузории чемпионатро дар дигар шаҳрҳое, ки дар онҳо бозиҳо намегузаранд, паси сар намояд. Дар Екатеринбург бозиҳои чемпионат барпо мешаванд. Бо назардошти ба ин шаҳрҳо сафарбар шудани шумори зиёди кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, талабот натанҳо ба муҳоҷирон, балки ба ҳамаи шаҳрвнадон пурзӯртар мешавад, ки кори маъмулӣ аст», – иброз дошт ӯ.

Дар ин робита Фаррух Мирзоев ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки ин давра дар дигар шаҳрҳо бошанд ё ҳуҷҷатҳои худро чунин дуруст кунанд, ки ба он эрод гирифтан ғайриимкон гардад, вагарна қонуншиканонро аз ихроҷ ҷойи гурез нест ва аз санҷишҳо пинҳон шудан имконнопазир мешавад.

Дар Екатеринбруг дар маҷмӯъ 4 бозии чемпионат мегузарад. Рӯзҳои баргузории чемпионат давоми як шабонарӯз худро ба қайд гузоштан душвор хоҳад шуд, аз ин рӯ, сафар ба ин шаҳрҳо мувофиқи мақсад нест. Ғайр аз ин, моҳи май вуруду хориҷ ба ин шаҳрҳо низ мушкил шуда, моҳи апрел шаҳри иқоматро иваз кардан даркор аст. Ин тавсияҳоба донишҷӯёни беруназшаҳрӣ ва хориҷӣ низ дахл доранд.

«Дар қабулгоҳи Екатеринбург айни замон шаҳрвандони тоҷик чун солҳои пешин зиёд нестанд. Ҳукуматдорони минтақа дар ҳамдастӣ бо диаспораҳо талоши зиёд ба харҷ медиҳанд, то ки ин масъала танзим шавад. Масалан, диаспораи тоҷикон моҳҳои январ-феврал пул ҷамъоварӣ намуда, 35 нафар ҳамдиёронро ба ватан фиристодем», – хабар дод Мирзоев.

Нигаҳдории муҳоҷирон дар қабулгоҳи махсус хатарнок аст, мегӯяд ӯ, зеро онҳо метавонанд ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ шаванд, ки дар ин гуна муассисаҳо робитаҳо доранд. Бинобар ин саривакт ба ватан фиристодани онҳо муҳим мебошад.

«Онҳо пулкоркунӣ меоянд ва агар дар муддати як шабонарӯзи баъди вуруд ба Екатеринбург ва Маскав  худро ба қайд гузошта натавонанд, аз эҳтиморл дур нест, ки рӯзи дигар хориҷ шаванд. Дар ин ҳолат вазъи оилаашон нохуб мешавад», – шарҳ дод Фаррух Мамадалиевич.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар 11 шаҳри Русия – Москва, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург баргузор шуда, аз 25 май то 25 июли соли 2018 дар ин шаҳрҳо қоидаи бақайдгирӣ дар муддлати як шабюонарӯз ҷорӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.