Вакили афғон мегӯяд, толибони захмӣ дар Тоҷикистон табобат мегиранд

Вакили парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз Инҷинир Камол изҳор намуд, ки ҷангиёни «Толибон», ки дар задухӯрдҳо бо нерӯҳои ҳукумат захмӣ мешаванд, дар дармонгоҳҳои Тоҷикистон муолиҷа мешаванд. Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин изҳороти вакили афғонро бардурӯғ ва беасос медонад. «Маълумоте, ки вакили парлумони Афғонистон тариқи шабакаи телевизионии «Ошно» мунташир намуд, дурӯғӣ маҳз аст», […]

Аваз Юлдошев

Вакили парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз Инҷинир Камол изҳор намуд, ки ҷангиёни «Толибон», ки дар задухӯрдҳо бо нерӯҳои ҳукумат захмӣ мешаванд, дар дармонгоҳҳои Тоҷикистон муолиҷа мешаванд.

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин изҳороти вакили афғонро бардурӯғ ва беасос медонад.

«Маълумоте, ки вакили парлумони Афғонистон тариқи шабакаи телевизионии «Ошно» мунташир намуд, дурӯғӣ маҳз аст», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» дар ин робита сардори маркази матбуотии ҚС КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаракати Толибон дар Тоҷикистнон созмони террористӣ эътироф шуда, муофиқи қонунҳои кишвар, ҳама гуна робитаҳо бо он манъ аст.

«Душанбеи расмӣ бо Толибон ҳеҷ гуна робита надошт ва надорад ва ин гуфтаҳо кофист», – таъкид дошт котиби матбуотии Қушӯнҳсои сарҳадӣ.

Аммо сиёсатмадори афғон дар мусоҳибаи худ мегӯяд, толибон бо Тоҷикистон робитаҳои зич роҳандозӣ намуда, «захмиёни онҳо дар дармонгоҳҳои Тоҷикистон табобат мегиранд».

«Робитаи Толибон бо Душанбеи расмӣ имрӯз пӯшида нест, аз он аксари сокинони минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, ки зери назорати Толибон аст, воқифанд», – изҳор доштааст вакили парлумони Афғонистон.

Сиёсатмадори афғон итминон медиҳад, ки Толибон имрӯз бо кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷомеаи байнулмилалӣ робитаҳои зичу дӯстона дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.