Наздикони сокини ҳалокшудаи Кӯлоб аз гӯр берун овардани ҷасадро талаб доранд

Наздикон ва адвокати сокини 40-солаи шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки рӯзи 29 март баъди боздошт дар шуъбаи милитсия ҳалок шуд, аз гӯр берун овардани ҷасади ӯро талаб доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешону наздикони марҳум хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, табибоне, ки дар бораи сабабҳои марги Назаров хулоса таҳия карданд, ба адвокат нусхаи шаҳодатномаи […]

Asia-Plus

Наздикон ва адвокати сокини 40-солаи шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки рӯзи 29 март баъди боздошт дар шуъбаи милитсия ҳалок шуд, аз гӯр берун овардани ҷасади ӯро талаб доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешону наздикони марҳум хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, табибоне, ки дар бораи сабабҳои марги Назаров хулоса таҳия карданд, ба адвокат нусхаи шаҳодатномаи тиббиро надодаанд: онҳо баҳона пеш меоранд, ки санад ба прокуратураи шаҳр дода шудааст, ки дар он ҷо ин далелро месанҷанд.

Наздикони фавтида изҳор мекунанд, ки Абдурасул Назаров бар асари шиканҷа фавтида, онҳо пеш аз гӯручӯб осори захм ва лату кӯбро аксбардориву дар видео навор гирифтаанд.

Онҳо ҳамчунин нашъаманд будани Назаровро рад намуда, қайд мекунанд, ки аз дармонгоҳҳои муолиҷаи нашъамандии Душанбе ва Кӯлоб доир ба дар қайди онҳо набудани ӯ маълумотномаҳои дахлдор доранд.

Дар прокуратураи пойтахт ба наздикони марҳум итминон додаанд, ки имрӯз масъалаи оғоз шудан ё нашудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги Назаров ҳал мешавад.

Ёдрас мекунем, ки прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.