Барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар боғҳои Душанбе рӯзҳои истироҳат

Asia-Plus

Бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз 7 апрел то 4 ноябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт рӯзҳои истироҳат консертҳои дастаҳои эҷодии кишвар ва намоишгоҳҳои ҳунармандии мардумӣ баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, аз 7 апрел дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе аввалин барномаҳои консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ шуруъ гардиданд.

«Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, дар боғи «Парчами давлатӣ» ҳунарпешаҳои Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», дар боғи «Ирам» наврасон ва кӯдакони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, дар боғи « Устод Рӯдакӣ» санъаткорони Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ» барномаи ҷолиби фарҳангиро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонидан», – омадааст дар маълумоти Вазорати фарҳанг.

Гуфта мешавад, баргузории барномаҳои консертӣ ва намоишҳо ҳар рӯзҳои истироҳат то 4 ноябри соли 2018 дар назар буда, иқдоми мазкур бо ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ, шаҳрдории пойтахт, Вазорати фарҳанг дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ кормандони ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои давлатии Тоҷикистонро ба машқҳои пагоҳирӯзӣ рӯзҳои шанбе уҳдадор кард.

Дар бораи дар куҷову кадом рӯзи шанбеи моҳ ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул шудани кормандони давлатӣ нақша тартиб дода шудааст, ки бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Ин навгонӣ бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ шудааст.

Нахуст рӯзи шанбеи 10 март кормандони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон назди маҷмааи «Манеж» ба машқи пагоҳирӯзӣ баромаданд.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, рӯзи 7 апрел беш аз 700 нафар кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар асоси нақшаи мазкур  кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо дар рӯзҳои муайянгардида дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...