Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Анталия

Дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии «Grand-Prix Antalya 2018», ки санаи шоми санаи 8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия ба итмом расид, дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард. Дар вазни то 90 кило ӯ бар 4 ҳарифаш – Самули Виитанен (Финландия), Солтон Броун (ИМА), Мамадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2017  Неманя […]

Дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии «Grand-Prix Antalya 2018», ки санаи шоми санаи 8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия ба итмом расид, дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард.

Дар вазни то 90 кило ӯ бар 4 ҳарифаш – Самули Виитанен (Финландия), Солтон Броун (ИМА), Мамадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2017  Неманя Майдов аз Сербия дастболо шуд. Ҳамаи рақибон пеш аз муҳлат бо баҳои баландтарин – иппон мағлуб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 6 гуштигир намояндагӣ карда, дар вазни то 100 кило Саидҷалол Саидов зинаи 7-умро ишғол намуд. Наврӯз Каримзод, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов ва Ҷаҳонгир Маҷидов аз уҳдаи касби мақом дар ҳаштгонаи вазнашон набаромаданд.

Дар феҳристи Федератсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён акнун мавқеи 7-умро ишғол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.