Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари қарзи зиёд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд соли 2018 сустшавии суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар сатҳи 1,1% пешгӯи мекунад. Тибқи арзёбии мутахассисони бонк, суръати афзоиши иқтисоди ҷумҳурӣ соли равон 6%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар «Гузориши рушди Осиё 2018» (нашрияи иқтисодии БОР), Бонки осиёгии рушд (БОР) суръати афзоиши ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 – ба андозаи 6% ва соли 2019 – 6,5% пешгӯӣ мекунад. Соли 2017 ин нишондиҳанда ба 7,1% баробар буд.

Дар гузориш қайд мешавад, ки пешгӯиҳои БОР вобаста ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 бар асоси шадид шудани низоми молиявӣ дар посух ба таносуби баланди қарзи давлатӣ нисбати ММД таҳия шудааст, ки шояд сармоягузориҳои давлатиро маҳдуд сохта, бахши начандон қавии бонкӣ сармоягузориҳои хусусиро бозмедорад.

Ёдрас мекунем, ки қарзи давлатии Тоҷикистон беш аз 3,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 51%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст. Соли 2017 ҳаҷми ММД Тоҷикистон наздики 7 млрд. долларро ташкил дод.

Афзоиши начандони зиёди рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2019 коршиносони БОР ба зиёдшавии истеҳсолоти саноатӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ҳамчунин афзоиши интиқоли мабалғҳои пулӣ нисбат медиҳанд.

Пешгӯӣ мешавад, ки соли 2018 мизони таваррум дар Тоҷикистон то 7,5% афзуда, соли 2019 – 7,0%-ро ташкил медиҳад. Соли 2017 ин нишондиҳанда ба 6,7% баробар шуд.

Гуфта мешавад, сарфи назар аз афзоиши рушди иқтисод аз соли 1997 то соли 2016 ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,2% ва зиёдшавии шумори аҳолии коршоям, дар Тоҷикистон ба таври кофӣ ҷойҳои кории сермаҳсул таъсис дода намешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...