Омодагии Маркази тиббии КМО Ӯзбекстон ба қабули варзишгарони тоҷик

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Президенти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, мулоқот кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО ҶТ, қабл аз мулоқот меҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш бо шароити нави Кумита, аз ҷумла Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” боздид намуда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик […]

Маркази матбуоти КМО ҶТ

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Президенти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, мулоқот кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО ҶТ, қабл аз мулоқот меҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш бо шароити нави Кумита, аз ҷумла Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” боздид намуда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик ҳам дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос шуданд.

– Шодем, ки ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла соҳаи варзиш миёни ду кишвар оғоз шуда, умедворем дар оянда рушд хоҳад кард, – иброз дошт Абдуллозода А. – Баъзе намудҳои варзиш дар Тоҷикистон ва баъзе намудҳо дар Ӯзбекистон тараққӣ кардаанд ва мо метавонем таҷрибаи ҳамдигарро омӯхта, дар оммавияти варзиш ва рушди ҳаракати олимпӣ дар кишварҳоямон кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.

Гуфта мешавад, Ӯзбекистон ҷиҳати баргузории ҷамъомадҳои машқию таълимӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш, баргузории мастер-классҳо бо ҷалби беҳтарин мураббиёни ҳар ду кишвар ва истифодаи варзишгарони тоҷик аз Маркази тиббӣ-тавонбахшии варзишгарон дар назди Кумитаи олимпии Узбекистон омодагӣ изҳор намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки А. Абдуллозода ва У. Аҳмадҷонов роҷеъ ба дигар самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш табодули афкор намуда, дар охир ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.