Шукурҷон Зуҳуров ба Санкт-Петербург раҳсипор шуд

Субҳи имрӯз бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия парвоз намуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ҳайати парлумонии мақоми олии қонунбарори Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия парвоз намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ҳайати парлумонии мақоми олии қонунбарори Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 11 ва 14 марти соли ҷорӣ доир мегарданд, иштирок менамоянд.

Ба ҳайати мазкур Раҳимзода Шариф – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Маҷидзода Ҷурахон- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва Салимзода Олим – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияи ҷамияти ва иттилоот шомиланд.

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД рӯзи 12 апрел доир гардида, дар он роҳбарон парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин ҳайатҳои парламентии нозирони назди АП СААД ва ташкилотҳои шарик ширкат меварзанд.

Ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки рӯзи 13 апрел баргузор мешавад, ба мавзӯи «Муколамаи байнифарҳангии кишварҳои Иттиҳод: вазъ, дурнамо ва таъмини ҳуқуқӣ» бахшида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.