Қатъи кори ягона муолиҷагоҳи давлатии байторӣ дар Душанбе

Аз 1 апрели соли равон кори ягона муолиҷагоҳи байтории кишвар дар Душанбе, ки ба Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ тобеъ буд, қатъ шуд. Ғайр аз ин, фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, Хадамоти давлатии зотпарварӣ ва Нозироти давлатии тухмипарварӣ низ қатъ гардидааст. Ба гуфтаи собиқ директори Хадамоти назорати давлати байторӣ Бобошо Кармишев, дар ин хусус […]

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Аз 1 апрели соли равон кори ягона муолиҷагоҳи байтории кишвар дар Душанбе, ки ба Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ тобеъ буд, қатъ шуд.

Ғайр аз ин, фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, Хадамоти давлатии зотпарварӣ ва Нозироти давлатии тухмипарварӣ низ қатъ гардидааст.

Ба гуфтаи собиқ директори Хадамоти назорати давлати байторӣ Бобошо Кармишев, дар ин хусус қарори Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст, ки айни замон ба ислоҳоти ин сохтор машғул аст.

«Кумита ният дорад, ки сохтори ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалиро таъсис диҳад. Ба истилоҳи дигар, ин тадбири муваққатӣ буда, ояндаи наздик ташкилоти нави таҷдидшуда таъсис меёбад», – гуфт вай.

Аммо на ҳама аз пешгӯиҳои хушбинонаи ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.

Ба қавли молики муолиҷагоҳи хусусии байтории Душанбе Маҳмадрасул Болтаев, беш аз 1000 нафар кормандони хадамоти байторӣ аз ҷойи кор маҳрум шуда, вақте ки ӯ бо ҷойи кор таъмин кардани онҳоро назди худаш пешниҳод намуд, посухи возеҳе нагирифт.

«Гӯё ҷойи корӣ (штат) бояд диҳанд, агар надиҳанд, мо ба шумо хабар медиҳем, посух доданд ба ман, – мегӯяд номбурда. – Дар ҳамин ҳол, ҳозир мавсими бемориҳо аст ва Худо накарда, агар эпидемияи сӯхтанӣ (сибирская язва), ҳорӣ (девонагӣ) ё дигар касалиҳо хурӯҷ кунад, мушкилот хеле зиёд мешавад. Давлат бояд хадамоти байторӣ дошта бошад».

Болтаев қайд кард, ки «агар мо таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳониро пайгирӣ мекардем, яъне дар шаҳру ноҳияҳо зери назорати кормандони (нозирони) давлатӣ ҳарчи бештар дармонгоҳҳои хусусии байторӣ мекушодем, вазъ метавонист тағйир биёбад».

Қобили зикр аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳамагӣ яктогӣ дармонгоҳҳои хусусии байторӣ вуҷуд дошта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо умуман мавҷуд нестанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.