Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 12 хатсайри автобус боз мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Созишнома дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон охири ҳафтаи гузашта дар Тошканд ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи ширкати тоҷикистонии «Asian Express» дар ин робита хабар дод, созишнома аз ҷониби намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, аввали моҳи май равуо автобусҳои мусофирбар байни кишварҳо оғоз мегардад.

Ба самтҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав, Қӯқанд, Бухоро ва Тирмиз 12 хатсайри мунтазам кушода мешавад. Қаблан ифтитоҳи 4 хатсайр зикр гардида буд.

«Автобусҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷакент ба Самарқанду Бухоро, аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Тошканду Фарғона, аз Шаҳритӯс ба Тирмиз, аз Исфара ва Конибодом ба Қӯқанд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона раҳсипор мешаванд», – гуфт манбаъ.

Равуои автобусҳо ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати «Asian Express» анҷом дода, ширкати Ӯзбекистонро Агентии нақлиёти автомобилии ин кишвар муайян мекунад.

Нархи сафар ва ҷадвали равуои автобусҳо пас аз вохӯрии навбатии намояндагони ҳарду кишвар баъди 20 апрел дар Тошканд маълум мешаванд.

Қаблан дар Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон итминон дода буданд, ки зимни гузаштани сарҳад байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусофирон ба ҳеҷ мушкилие дучор нахоҳанд шуд.

«Дар қаламрави гузаргоҳи сарҳадӣ мусофирон аз автобус берун баромада, баъди санҷиши хеле кӯтоҳмуддати назорати сарҳадиву гумрукӣ ба сафар идома медиҳанд», – хабар дода буд ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Қобили зикр аст, ки равуои автоубсҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буданд.

Аз моҳи апрели соли гузашта байни Тошканд ва Душанбе баъди танаффуси 25-сола алоқаи ҳавоӣ барқарор карда шуд.

Нимаи моҳи марти соли 2018 реҷаи раводид байни кишварҳо бекор шуда, акнун шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба қаламрави ҳамдигар равуо намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...