Муҳлатҳои зиёди зиндон ба сарҳадбонони сӯи моҳигирон тиркушода

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ нисбати ду сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баррасӣ ва онҳор ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум намуд. Хизматчиёни ҳарбии қисми низомии №0215 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мутаносибан ба 21 ва 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. «Зимни […]

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ нисбати ду сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баррасӣ ва онҳор ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум намуд.

Хизматчиёни ҳарбии қисми низомии №0215 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мутаносибан ба 21 ва 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

«Зимни мурофиа муайян карда шуд, ки ба тиркушоӣ Ирсалиев фармон дода, Меликов аз автомат оташ кушодааст», – хабар дод як манбаъ аз суди ҳарбӣ.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ин тиркушоӣ ду нафар сокинони шаҳри Исфара – Абӯбакр Боев ва Қодирхон Усмонхоҷаев, ки ба Конибодом барои моҳигирӣ рафта буданд, ҳалок шуданд.

Мутриба Охунова, ҳамсари Усмонхоҷаеви фавтида дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз қарори суд қаноатманд аст.

«Вале масъалаи пардохти ҷубронпулӣ аз ҷониби КДАМ ба оилаҳои фавтидагон ҳалношуда боқӣ монд, – иброз дошт ӯ. – Дар суд айбдоркунандаи давлатӣ талаб намуд, ки Қушӯнҳои сарҳадӣ ба мо ҷубронпулӣ пардохт кунанд, вале дархости ӯ дар ҳалномаи суд зикр нашуд».

Номбурда қаблан ба ВАО изҳор намуда буд, ки намояндагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Исфара боре ҳам аз ҳолу аҳволи оила ва кӯдакони ӯ хабар нагирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январи соли равон фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Яке аз онҳо – Абӯбакр Бобоев баъди ҳодиса дигар ба ҳуш наомада ҳалок ва дуюмӣ – Қодирхон Усмонхоҷаев баъдтар фавтид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.