Рустами Эмомалӣ лоиҳаи «Манзили дастрас»-ро эҳё карданист

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин иқдом бо мақсади ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, саривақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар корхонаи […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин иқдом бо мақсади ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, саривақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар корхонаи мазкур роҳандозӣ мешавад.

Ба Шӯрои нозирон ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки воситаҳо дар лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» ва ҷараёни иҷрои уҳдадориҳо ваколат дода шуда, ҳамчунин ҳамоҳангсозии амалҳои ҳамаи шахсони ҳуқуқии иштирокдошта дар амалисозии ин лоиҳа низ ба дӯши шӯро вогузор мегардад.

Шӯроро муовини аввали раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода ба роҳбарӣ гирифта, ба ҳайати он роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ ва саҳмдорони лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» шомил гардиданд.

Рустами Эмомалӣ ба директори КВД «Сохтмони манзили дастрас» дастур дод, ки дар муддати 10 рӯз аз санаи қабули қарори мазкур корҳои заруриро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи аввалини Шӯрои нозирони корхона ташкил намояд.

Дар лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» дар Душанбе таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо хонаҳо дар биноҳои серошёна бо нархҳои нисбатан арзон пешбинӣ мешавад.

Амалисозии лоиҳаи зикршуда бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида, тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 бояд манзилҳои аввал ба истифода дода мешуданд, лекин то имрӯз сохтмони хонаҳо ба итмом нарасидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.