Туркманистон: ҳалокати 17 нафар бар асари садамаи автобус

Дар Туркманистон бар асари садамаи автобус 17 кас ҷон бохтанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳодиса дар наздикии дараи Чулин, минтақаи маъруфи истироҳатии Туркманистон, ки дар 20-километрии ғарби шаҳри Ишқобод ҷойгир аст, рух дод. Як манбаъ дар пулиси маҳаллӣ гуфтааст, шумори қурбониён то субҳи якшанбе ба 17 нафар расид. Дар мавриди […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Туркманистон бар асари садамаи автобус 17 кас ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳодиса дар наздикии дараи Чулин, минтақаи маъруфи истироҳатии Туркманистон, ки дар 20-километрии ғарби шаҳри Ишқобод ҷойгир аст, рух дод.

Як манбаъ дар пулиси маҳаллӣ гуфтааст, шумори қурбониён то субҳи якшанбе ба 17 нафар расид. Дар мавриди теъдоди захмиён иттилои дақиқе рӯи даст нест.

Пулис изҳор доштааст, ки автобус дар натиҷаи савор кардани шумори аз ҳад зиёди мусофирон ва номусоидии бодуҳаво ба садама дучор гаштааст. Он рӯз дар ин минтақа борон меборид. Ронанда натавонистааст, автобусро ҳангоми ҳаракат рӯйи муми таршудаи идора кунад ва он аз роҳ баромада, дар рӯдхонаи канори роҳ чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, мақомот ва расонаҳои расмӣ чун ҳар вақта дар робита ба садамаи пурқурбонӣ иттилое намедиҳанд. Ҳангоми нашри ин хабар кормандони пулис маҳалли садамаро муҳосира карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.