Тақдими стипендияи раиси пойтахт дар ҷашни Рӯзи шаҳр

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт ба муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникии пойтахт стипендияи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мегардад. Ба рӯйхати гирандагони ин стипендия 200 нафар толибилмон шомил гардида, ҳаҷми моҳонаи стипендия 250 сомониро ташкил медиҳад. Барои гирандагони стипендия кортҳо таҳия шудаанд, ки маблағ ба онҳо гузаронида мешавад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» […]

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт ба муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникии пойтахт стипендияи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мегардад.

Ба рӯйхати гирандагони ин стипендия 200 нафар толибилмон шомил гардида, ҳаҷми моҳонаи стипендия 250 сомониро ташкил медиҳад.

Барои гирандагони стипендия кортҳо таҳия шудаанд, ки маблағ ба онҳо гузаронида мешавад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

«Пул ба кортҳо гузаронида мешавад ва дар ҷашни Рӯзи пойтахт санаи 21 апрел дар вазъи тантанавӣ дар Амфитеатр онҳо ба толибилмону донишҷӯён супурда мешаванд. Ҳамаи стипендия барои соли хониши 2017-2018 ба кортҳо гузаронида мешавад», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз эҳтимол дур нест, ки кортҳоро шахсан раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ё муовинони ӯ супоранд.

Ин стипендия соли гузашта дар доираи Соли ҷавонон дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Стипендия барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш муқаррар шудааст.

Довталабони стипендияи Раиси пойтахт бояд аъло таҳсил намуда, рафтори намунавӣ дошта бошанд ва дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Озмуни довталабон дар шакли тест аз рӯи фанҳо дар Маркази технолгияҳои компютерии шаҳри Душанбе тариқи мушоҳидаи видеоӣ сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.