Муҳлатҳои зиёди зиндон ба сарҳадбонони сӯи моҳигирон тиркушода

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ нисбати ду сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баррасӣ ва онҳор ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум намуд.

Хизматчиёни ҳарбии қисми низомии №0215 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мутаносибан ба 21 ва 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

«Зимни мурофиа муайян карда шуд, ки ба тиркушоӣ Ирсалиев фармон дода, Меликов аз автомат оташ кушодааст», – хабар дод як манбаъ аз суди ҳарбӣ.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ин тиркушоӣ ду нафар сокинони шаҳри Исфара – Абӯбакр Боев ва Қодирхон Усмонхоҷаев, ки ба Конибодом барои моҳигирӣ рафта буданд, ҳалок шуданд.

Мутриба Охунова, ҳамсари Усмонхоҷаеви фавтида дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз қарори суд қаноатманд аст.

«Вале масъалаи пардохти ҷубронпулӣ аз ҷониби КДАМ ба оилаҳои фавтидагон ҳалношуда боқӣ монд, – иброз дошт ӯ. – Дар суд айбдоркунандаи давлатӣ талаб намуд, ки Қушӯнҳои сарҳадӣ ба мо ҷубронпулӣ пардохт кунанд, вале дархости ӯ дар ҳалномаи суд зикр нашуд».

Номбурда қаблан ба ВАО изҳор намуда буд, ки намояндагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Исфара боре ҳам аз ҳолу аҳволи оила ва кӯдакони ӯ хабар нагирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январи соли равон фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Яке аз онҳо – Абӯбакр Бобоев баъди ҳодиса дигар ба ҳуш наомада ҳалок ва дуюмӣ – Қодирхон Усмонхоҷаев баъдтар фавтид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...