Ба сайёҳони Ҳиндустон боздид аз Тоҷикистон тавсия мешавад

Иттилоияи расмӣ

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии бонуфузи ҷаҳон ба имкониятҳои сайёҳии кишвар бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва як қатор ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ширкатҳои бузурги сайёҳии Ҳиндустон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур президенти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон (IATO) Пранаб Саркар ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон бо шумули “Перфект Трейвлз”,  “Инкрейбл Индия”,  “Мера трейвлз”, “Едванча волд” ва дигарон ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ раиси Кумита иброз дошт, ки имтиёзҳое, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣ шуд, имконияти фарохеро ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам оварда, дар самти густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои олам низ заминаи мусоид ба вуҷуд меорад.

Ҷонибҳо аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфта, тартиби ҳамкориро дар ин самт баррасӣ намуданд. Кушода шудани хатсайри дуюми ширкати ҳавопаймоии ватании “Тоҷик Эйр” ба самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе ва баргузории форуми намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ аз нуктаҳои муҳими мулоқоти мазкур ба шумор меравад.

Тавре президенти ширкати сайёҳии “Перфект трейвлз” Раҷ Баҷаҷ иброз дошт, танҳо соли гузашта 23 млн нафар аз Ҳиндустон ба кишварҳои мухталифи олам ҳамчун сайёҳ сафар кардаанд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон иброз намуданд, ки минбаъд ба сайёҳон боздид аз Тоҷикистонро тавсия хоҳанд дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...