Манъи сафари мардони то 30-солаи Туркманистон ба хориҷа

Дар Туркманистон мардоне, ки камтар аз 30 сол доранд, аз сафари хориҷа маҳрум шуданд. Дар ин бора сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар медиҳад. Бино ба иттилои як манбаъ бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғуси ин кишвар, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон рӯи даст гирифта шудааст. "Як дӯсти 27-солаи маро, ки нияти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Туркманистон мардоне, ки камтар аз 30 сол доранд, аз сафари хориҷа маҳрум шуданд. Дар ин бора сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои як манбаъ бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғуси ин кишвар, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон рӯи даст гирифта шудааст.

"Як дӯсти 27-солаи маро, ки нияти ба хориҷ рафтанро дошт, ба хадамоти муҳоҷирати минтақавӣ даъват карда, билеташро аз дасташ гирифтанд. Ба вай гуфтанд, ки бар асоси фармони нав, мардони то 30-сола ба хориҷ аз кишвар рафта наметавонанд", – гуфт манбаъ аз вилояти Дашоғус.

Ба гуфтаи вай, ба чанд ҷавон харҷи билетҳояшонро баргардонидаанд. Давоми чанд моҳи охир ҳолатҳои монеъ шудан аз сафари сокинон ба хориҷи кишвар дар Туркманистон борҳо ба мушоҳида расидааст.

Ба шаҳрвандони ин кишвар ба хусус сафар кардан ба Туркия манъ мешавад. Ҳамчунин мақомоти Туркманистон давоми моҳҳои охир талош кардаанд, ки мардикорон ва донишҷӯёни туркманро аз хориҷа баргардонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.