Арақи чинӣ: боздошти шаҳрванди Чин барои соҳибкории ғайриқонунӣ

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чинро ба гумони истеҳсоли ғайриқонунии машруботи спиртӣ боздошт намуданд. «Гумонбаршуда бидуни ҳуқуқи машғул шудан ба соҳибкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар хонаи иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Телмани пойтахт дар муҳити хона бе риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва бо истифода аз тамғаи моли ширкати бегона машруботи спиртиро дар зарфҳои махсус ҷойгир […]

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чинро ба гумони истеҳсоли ғайриқонунии машруботи спиртӣ боздошт намуданд.

«Гумонбаршуда бидуни ҳуқуқи машғул шудан ба соҳибкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар хонаи иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Телмани пойтахт дар муҳити хона бе риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва бо истифода аз тамғаи моли ширкати бегона машруботи спиртиро дар зарфҳои махсус ҷойгир намуда, ба фурӯш баровардааст», – хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии мазкур кормандони милитсия аз шаҳрванди Чин зиёда аз 800 литр машруботи спиртии худсохторо мусодира намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия ва сертификатсияи нозироти савдо машруботи спиртии мусодирашуда аз рӯи нишондодҳои органолептикӣ (намуди зоҳирӣ, ранг, бӯй ва мазза) ба талаботи меъёрии спирти этилӣ мутобиқ набуда, ба истеъмол тавсия дода намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.