Масъулият барои махфӣ нишон додани маълумоти ғайримахфӣ

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, аз ҷумла ҳукумат дар ин тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунад, ки барои гузоштани муҳри махфӣ ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ нестанд, масъулият ҷорӣ карда шавад. Қобили зикр […]

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, аз ҷумла ҳукумат дар ин тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунад, ки барои гузоштани муҳри махфӣ ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ нестанд, масъулият ҷорӣ карда шавад.

Қобили зикр аст, ки зимни дастрас кардани маълумот намояндагони ВАО бештар бо ин мушкилӣ дучор мешаванд. Ахиран парвандаи роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов, парвандаи ширкати «Умед» ва қазияи ҳабси якчанд кормандони воломақоми Агентии зиддифасод беасос махфӣ унвон шуд.

Парвандаи ба ин монанди охир ба капитани милитсия Исломов марбут аст, ки бо автомашинааш наврасро дар Кӯлоб пахш намуда, ба марги ӯ боис гардид, лекин аллакай ду моҳ аст, ки тафтишот ӯро ба ҷавобгарӣ кашида наметавонад.

Ҳамчунин ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои ташкили пойгаҳои ғайриқонунии автомобилронӣ ва иштирок дар онҳо тағйирот ворид гардад.

«Барои гунаҳкорон дар ин амал ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 12 ҳазору 500 сомонӣ то 15 ҳазор сомонӣ ва маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати ду сол ҷорӣ мешавад», – хабар дод Султонов.

Илова бар ин дар лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани ба ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толори букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои копютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ низ ҷорӣ шудани ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

«Шаклҳои ҷарима ба қонуншиканони чунин меъёрҳо алҳол мавриди таҳия қарор дорад», – илова кард Муҳаммадато Султонов.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.